Барномаи нав муаррифӣ гардид
Хоруғ, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – «Барномаи хатти оби нӯшокӣ ва беҳсозии ҳолати санитарии деҳоти Кӯҳистони Бадахшон» чунин буд мавзӯи семинари омӯзишӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон доир гардид. Дар семинар намояндагони роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии панҷ деҳаи ноҳияи Шуғнон иштирок доштанд. Барнома дар асоси шартномаи сеҷонибаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди Оғохон ва Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд роҳандозӣ карда мешавад. Дар семинар муовини сардори Раёсати хифзи муҳити зисти ВМКБ Фарҳод Маҳмадназарбеков, муҳандиси Барномаи рушди иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон Хӯҷамёр Хумориков ва коршиносони дигар дар бораи роҳҳои татбиқи барнома, ҳамчунин асноди ҳуқуқии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди истифодаи захираҳои оби кишвар ба ҳозирон маълумот доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






