Бокс: Охирин умед ба Олимпиада

Апрель 6, 2012 16:50

Душанбе, 6 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз дар шахри Алмаато чемпионати Осиё доир ба бокс оғоз шуд. Боксчиёни 29 кишвари Осиё имкон доранд охирин 25 роҳхатро ба Олимпиадаи Лондон-2012 ба даст оранд. Рақобатҳо то рӯзи 12 апрел идома меёбанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон муштзанҳо Асрор Воҳидов (49 кг), Сафовиддин Юсуфӣ (52кг), Мададӣ Нағзибеков (60 кг), Назири Пиракӣ (64 кг), Наврӯз Ҷафоев (69 кг), Собирҷон Назаров (75 кг), Ҷаҳон Қурбонов (81 кг), Диловаршо Абдураҳмонов (91 кг) ва Меҳроҷиддин Каримов ( +91 кг) шомиланд. Дар байни дастаҳои ширкаткунанда намояндагони Тоҷикистон аз ҳама бештаранд. Баъдан бо 8 варзишгар Ироқ ва бо 7 намоянда Қирғизистон баромад мекунад. Дар рӯзи аввали вохӯрӣ Мададӣ Нағзибеков дар вазни 60 кг аз боксчии филиппинӣ Чарли Суарес бо натиҷаи 14 бар 11 мағлуб шуд. Дар вазни 52 кг Сафовиддин Юсуфӣ бо муштзани Чин Чанг Юн ва дар вазни 91кг Диловаршо Абдураҳмонов бо қазоқ Василий Левит қувва меозмоянд.То имрӯз танҳо ба як муштзани тоҷик – Анвар Юнусов муяссар шудааст, ки роҳхати олимпиро ба даст оварад.

Апрель 6, 2012 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд