Боздиди намояндаи Нидерланд аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Вакили мувақатии корҳои Шоҳигарии Нидерланд дар ҶТ Питер ван Леувен ва роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» Анвар Ёқубов як қатор масъалаҳои марбут ба рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рӯи кор овардани ҳамкорӣ барои гулпарварӣ, ба даст овардани навъҳои хушсифату серҳосили тухмии картошка ва афзоиш бахшидани истеҳсоли меваи хушкро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин имконияти дар заминаи Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташкил намудани маркази дастгирии соҳибкориро муҳокима намуданд.Питер ван Леувен зикр кард, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ мураккабияти ташкили минтақаи озоди иқтисодии дур аз бандарҳоро собит намуд. Барои ин на фақат муносибати хоса ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷӣ лозим аст, балки бояд чунин омилҳо, аз қабили инфрасохтори устувор, осон гардонидани расмиятҳои давлатӣ ва қувваю имконоти инсонро ба назар гирифт. Дар ин бора сардори шӯъбаи иттилооту таҳлили Минтақаи савдои озоди «Суғд» Муҳайё Қаюмова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






