Буҷаи Тоҷикистон ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ нигаронида шудааст
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатӣ дар соли 2012 ба маблағи 10 миллиарду 200 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011-ум беш аз 22 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора Президенти кишвар зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрел ишора намуд. Вай афзуд, ки буҷаи давлатӣ, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Махсусан ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва таҳким бахшидани хусусияти иҷтимоии буҷаи давлатӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъминоти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлат мебошанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми миёнаи музди меҳнат дар кишвар 32 баробар афзоиш ёфтааст. Пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷаи давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ сол то сол зиёд гардида, ба ин соҳаҳо дар солҳои минбаъда низ афзалият дода мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






