Бунёди 12 гектар тутзори нав

Апрель 27, 2012 17:12

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо мақсади таъмини хоҷагиҳои кирмакпарварӣ бо тухми кирмаки хушсифат сармоягузорон ҶДММ «Дӯстии Афғонистон» 19200 қуттӣ ва ҶДММ «Дук» 5000 қуттӣ, ҶДММ КМ «ВТ Силк»-и шаҳри Хуҷанд 6580 қуттӣ ва ҶДММ «Абрешим»-и ноҳияи Панҷ 1000 қуттӣ аз хориҷи кишвар тухми кирмак ворид карданд. Дар айни замон сармоягузорон кирмакпарваронро пеш аз тақсимоти тухми кирмак бо маводи лозимӣ: коғазҳои такандоз, сӯрохдор, ҳароратсанҷ, намисанҷ, шолча ва маблағ таъмин карда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар корхонаҳои тухми кирмаки ҷумҳурӣ ба миқдори 6100 қуттӣ тухми кирмак тайёр шудааст, ки барои аз касалии пебрина эмин будан аз комиссияи назорати давлатӣ гузаштаанд. Ҷиҳати афзун намудани базаи хӯрокии кирмак дар хоҷагиҳои кирмакпарвари ҷумҳурӣ 200 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида ва 12 гектар тутзори нав бунёд карда шуд. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли 1860 тонна пилла пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 27, 2012 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд