Дар ҳошияи футбол

Апрель 13, 2012 14:29

Душанбе, 13 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Собиқ бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Виталий Левченко ба вазифаи сармураббии дастаи “Еднист”-и лигаи дуввуми Украина таъин шуд. Виталий дар 19-солагӣ ба ҳайати дуввуми дастаи “Динамо” Киев шомил шуда, сипас дар дастаҳои ССКА ва “Таврия” бозӣ кардааст. Баъди анҷоми ҳунарнамоӣ ҳамчун мураббӣ дар академияи футболи “Арсенал”-и Украина фаъолият доштааст.Николя Анелка, ки дар дастаи «Шанхай Шенхуа» хунарнамоӣ дорад, вазифаи нав гирифт ва минбаъд ба ҳайси мураббии бозингар фаъолият мекунад. Роҳбарони клуб маоши 230 000 евро дар як ҳафтаро барои ӯ зиёд дониста, кори иловагӣ зам карданд. Ба ин васила ёварони сармураббӣ Жан Тигана аз вазифа сабукдӯш шуданд. Дастаи «Шанхай Шенхуа» дар панҷ давр ҳамагӣ 7 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи панҷум қарор дорад.

Апрель 13, 2012 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд