Дар ҷумҳурӣ беш аз 265 ҳазор хона хусусӣ гардонида шуд
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – То якуми апрели соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 265 ҳазор хона хусусӣ гардонида шудааст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз ҷумлаи шумораи умумии хонаҳои хусусӣ гардонидашуда 192,7 ҳазор хона фурӯхта шудааст. Шаҳри Душанбе аз рӯи ҳамаи нишондодҳои хусусигардонии манзил дар байни минтақаҳо мақоми аввалро касб менамояд. Масалан, дар пойтахт беш аз 117,5 ҳазор хона хусусӣ гардонида шудааст, ки масоҳаи умумиаашон беш аз 6,5 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






