Дар ду моҳ чӣ қадар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд?

Апрель 4, 2012 09:24

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ду моҳи аввали соли 2012 ба 1 млрд. 354,9 млн.сомонӣ расид. Дар Агентии омор ҳаҷм ва номгӯи истеҳсолоти саноатиро шарҳ дода, иброз доштанд, ки корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ ҳамагӣ ба маблағи 1 млрд. 354 млн. 900 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Дар ин давра истихроҷи маъдан ба 109 млн. 546 ҳазор сомонӣ, истихроҷи маводи энергетикӣ ба 9 млн. 135 ҳазор сомонӣ, истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ ба 911 млн. 235 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маводи хӯрокворӣ дар якҷоягӣ бо нӯшокиҳо ва тамоку ба 362 млн. 954 ҳазор сомонӣ расид.

Апрель 4, 2012 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад