Дар Душанбе намояндагии «МИСиС» ифтитоҳ мешавад
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 17 апрел, дар шаҳри Душанбе намояндагии Донишгоҳи тадқиқоти технологии миллии «МИСиС» — маркази намоёни таълимию илмии Русия, баргузор мегардад. Намояндагӣ дар заминаи собиқ корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» таъсис ёфтааст. Тавре дар Раёсати равобити байналмилалии Вазорати маорифи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи намояндагии донишгоҳи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Агентии федералии оид ба корҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, намояндаи доимии Президенти Федератсияи Русия оид ба равобит бо ИДМ Константин Косачев, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов, роҳбари Намояндагии Ҳамкории Русия дар ҶТ Сергей Киселёв ва шахсони дигари расмӣ иштирок менамоянд.Ташкили намояндагӣ дар асоси Созишномаи дуҷонибаи байни Русия ва Тоҷикистон ба баланд шудани сифати тарбияи муҳандисон, таҳкими робитаҳои байни донишкадаҳои олии ҳар ду кишвар мусоидат намуда, ба рушди ҳамкориҳои фарҳангию илмии байни наслҳои ҷавони ҳар ду ҷумҳурӣ кӯмак мекунад.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






