Дзю-до: мубориза барои роҳхати олимпӣ
Душанбе, 26 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рӯзҳои 27 ва 28-уми апрел мусобиқаи Осиёии гӯштигирони дзю-до барои соҳиб шудан ба роҳхатҳои олимпӣ сурат мегирад. Паҳлавонони мо дар ҳамаи вазнҳо ширкат меварзанд. Ҷамшед Халилов (60), Сӯҳроб Раҳимов (66), Расул Боқиев (73), Фарҳод Раҳимов (81), Парвиз Собиров (90), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов(100), Абӯбакр Раҳмонов (+100 кг) дар взнҳои хеш мубориза мебаранд. Пешвои дзюдочиён Расул Боқиев, ки омодагиро дар Маскав гузаронидааст, аз довталабони асосӣ барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон- 2012 мебошад. Федеретсияи дзюдо аз паҳлавонон умедвори комёбист.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






