Эй сорбон, оҳиста рон!
Душанбе, 19 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон мекунанд, дар ҷои ҳодиса бо назардошти андозаи зарари расонидаашон ҷарима ситонида мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат муҳокима ва қабул гардид. Фарҳодбек Шодмонбеков, муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо шарҳи масъалаи мазкур дар назди вакилони парлумон гуфт: ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт, коҳиш додани сатҳи садамаҳо ва таъмини амният дар роҳҳои кишвар, тақвияти таъсири чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ андешида шудааст. Шодмонбеков афзуд, ки бо зиёд шудани теъдоди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кишвар сатҳи садамаҳои нақлиётӣ афзудааст. Танҳо дар се моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 91 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки сабаби асосиаш баланд кардани суръати нақлиёт аз ҷониби ронандагон мебошад. Дар натиҷа 41 нафар ҳалок гардида, 90 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳрҳои кишвар суръати ҳаракати нақлиёт 60 км дар як соат, дар қисматҳои беруни шаҳр 80 км дар як соат (ғайр аз маҳалҳои аҳолинишин) муқаррар гардидааст. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагони воситаҳои нақлиётро водор месозад, ки ҳангоми харакат дар роҳҳо суръати нақлиёти идорашавандаро баланд насозанд ва ҳаёти худ ва пиёдагардонро зери хатар нагузоранд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






