Футбол: даври аввали мавсими нав
Душанбе, 9 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар бозии нахустини мавсими нави футбол дастаи “Хайр”-и Ваҳдат меҳмони худ “Истаравшан”-и Истаравшанро бо натиҷаи 4 бар 1 шикаст дод. Аввалин голи мавсими ҷадидро Обид Исмоилов аз дастаи “Истаравшан” ба ҳадаф расонд. Бозии дигар миёни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «Барқ»-и Норак барпо гардид. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ — 2:2 поён ёфт. «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода бо тими «Ҳосилот»-и Фархор вохӯрда, бо ҳисоби қотеъи 4 бар 1 зафар ёфт. Ягона голи задаи Комрони Мирзохон дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» ғалабаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бар соҳибони майдон «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмин кард. «Зарафшон»-и Панҷакент дар меҳмонии “Равшан” бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб шуд. Бозии охирини даври аввал миёни тимҳои «Гвардия»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рӯзи 9-уми апрел дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






