Гратсиану пешниҳоди Қ. Қосимовро пазируфт

Апрель 21, 2012 12:17

Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар доираи Конфоронси 37-уми байналмилалии ФАО дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо сарвари кулли ин Ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ Гратсиану да Силва баргузор гардид.Зимни сӯҳбат Қ. Қосимов доир ба мавқеи устувори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи татбиқи ботадриҷи ислоҳоти аграрӣ, ки бо принсипҳои ФАО ҳамоҳанганд, таъкид намуда, аз ҷумла гуфт:«Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор барои Рушд ва миёнаравии ФАО ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ тӯли се соли охир Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Тоҷикистонро таҳия намудааст, ки стратегияи рушди соҳаи кишоварзиро барои даҳсолаҳо муайян мекунад». Нуқтаи олии ҳамкории Вазорати кишоварзӣ ва ФАО, қайд намуд Қосим Қосимов, ин баргузории Конфронси байналмилалӣ доир ба «Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Тоҷикистон» соли гузашта дар шаҳри Душанбе мебошад, ки дар кори он бевосита Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, сухан гуфт. Дар суханронии худ Сарвари давлат мақсади ниҳоии ислоҳоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ на танҳо аз таъмини амнияти озуқаворӣ, балки афзудани қудрати содиротии мамлакат ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва некӯаҳволии мардум маънидод намуда буд.Бо ин мақсад дар рафти сӯҳбат таъкид гардид, ки барои татбиқи ин барномаи дарозмӯҳлат Тоҷикистон ба кӯмаку миёнаравии ФАО байни Ҳукумати Тоҷикистон ва кишварҳои маблағгузор, яъне давлатҳои ҳамкор барои рушд ниёз дорад. Дар навбати худ Грастсиану да Силва аз мавқеи пайгиронаи Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ислоҳоти аграрӣ пазироӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки имрӯз дар олам қариб як миллиард аҳолӣ норасоии озуқаро эҳсос ва аз гуруснагӣ азият мекашад. Аз ин нуқтаи назар иқдоми Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои дигарро роҳбарияти ФАО дастгирӣ менамояд, қайд кард Гратсиану ва ваъда дод, ки масъалаи мазкур дар Шӯрои олии ин ташкилот дар Рим, пойтахти Итолиё баррасӣ хоҳад шуд.Вохӯрӣ дар сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.Бояд қайд кард, ки масъалаи кушодани намояндагии комилҳуқуқи ФАО дар Тоҷикистон дар қарори Конфронси байналмилалии ФАО қисми 10, банди 29 (ERC/12/REP) ба таври расмӣ ворид ва аз тарафи вакилони конфронс пурра дастгирӣ шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Дадабоев аз шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ дод.

Апрель 21, 2012 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад