Гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия

Апрель 24, 2012 17:01

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»). – 24 апрели соли 2012 гуфтушуниди вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, ки барои боздиди расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, баргузор гардид.Дар ҷараёни гуфтушунид доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба дар бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт, саноат, тиҷорату сармоягузорӣ, гуманитарӣ ва муҳоҷират мавриди муҳокима қарор гирифт.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр намуд, ки сафари вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷашнии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ чун идомаи муколамаи сиёсӣ дар амри вазифаҳо ҷиҳати пешравии минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, ки сарони ду давлат ба миён гузоштаанд, баррасӣ мегардад. Ҳамрохон Зарифӣ ба ҷониби Русия пешниҳод намуд, ки имконияти вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика, металлургияи ранга, саноати коркарди маъдан ва нассоҷӣ, мошинсозӣ, истифодаи конҳои тилло ва гази Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шавад.Зимни мулоқот перомуни андешидани тадбирҳои минбаъда ба манзури ҳалли масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори ақида карда шуд. Ҳ.Зарифӣ дар робита бо ин таваҷҷӯҳи мусоҳибро ба зарурати вусъат бахшидани ҳамкории байниидоравии миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муҳоҷирати ҳар ду кишвар барои беҳдошти ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷалб намуд. Сарони идораҳои сиёсати хориҷӣ ҳамкории фаъолонаи ҳар ду мамлакат дар соҳаи маорифро бо камоли қаноатмандӣ изҳор доштанд. Фаъолияти муваффақонаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, ҳамчунин ифтитоҳи намояндагии Донишгоҳи миллии таҳқиқи технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Маскав» (МИСиС) мисоли ҳамин аст. Алҳол беш аз 6 ҳазор нафар донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишкадаҳои олии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.Ҷонибҳо ҳамчунин ба ҷиҳатҳои ҳамкорӣ дар ҳошияи иттиҳодияҳои байнидавлатӣ, аз қабили ИДМ, СҲШ, СААД дахл намуданд. Сарони ҳайатҳо ба масъалаҳои амният дахл намуда, зарурати вусъат бахшидани саъю кӯшишҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар мубориза алайҳи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва хатару таҳдидҳои дигар ба амнияти минтақавию байналмилалиро иброз доштанд.Аз рӯи натиҷаи гуфтушунид Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи мусоидат ба ҳамкории миёни воҳидҳои ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва Барномаи ҳамкории байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2012 имзо карда шуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Апрель 24, 2012 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид