Иҷлосияи Шӯрои фармондеҳон
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 26 апрел дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иҷлосияи навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ИДМ баргузор мешавад. Мувофиқи хабари сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосия фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо намояндагӣ мекунад.Иштирокдорони иҷлосия масъалаҳои ҳамкории миёни сохторҳои сарҳадоти давлатҳои аъзои Иттиҳод, ташкили бунгоҳҳои муштарикии низоми автоматӣ кардашудаи табодули фаврии иттилооти Шӯрои фармондеҳон ҷиҳати роҳандозии мубориза алайҳи терроризм, ифротталабӣ ва фаъолияти дигари зиддиқонунӣ дар сарҳадоти давлатиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






