Идомаи ҳисоботҳои телефонии раисони шаҳру ноҳияҳо ба Сарвари давлат

Апрель 5, 2012 11:04

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Исфара, Конибодом, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ телефонӣ ҳисоб доданд. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию молиявӣ дар семоҳаи аввали соли равон, рафти киштукори баҳорӣ, рафъи оқибатҳои обхезию дигар офатҳои табиӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ҳисобот доданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ба онҳо доир ба тезондани киштукори сабзавот, пахта ва дигар зироатҳо, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва таъмини кишоварзон бо техника, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки барои аз истифодаи кишоварзӣ дур намондани заминҳои корам аз ҳар рӯзи офтобӣ бояд пурсамар баҳрабардорӣ намуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиии рухдода ва ҳолатҳои эҳтимолии фавқулоддаи оянда зоҳир гардид. Дастур дода шуд, ки барои ҳифзи мардум аз хавфи фурӯд омадани ярчу тарма, обхезӣ, боронҳои селу жола ва дигар офатҳои табиӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Апрель 5, 2012 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд