Ифтитоҳи расмии Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар шаҳри Роғун

Апрель 5, 2012 11:00

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Рўзи 3 апрели соли ҷорӣ ифтитоҳи расмии Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар шаҳри Роғун баргузор гардид.Дар доираи ифтитоҳи он дар шаҳри Роғун дар мавзӯи «Шиносоӣ бо фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятӣ ҳамчун механизми ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсон» мизи мудаввар гузаронида шуд ва дар кори он З.Ализода – Ваколатдори ҳуқуқи инсон, Ш.Ф. Шарипов, раиси шаҳри Роғун, намояндагони мақомоти суд, прокуратура, ШКД, роҳбари ТҶБ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» Н.Ширинбекова, кормандони ҷамоатҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок намуданд.Дар мизи мудаввар ба иштирокчиён мақсаду ҳадафҳои таъсиси Қабулгоҳи ҷамъиятӣ фаҳмонида шуд. Аз ҷумла, раиси шаҳри Роғун қайд намуд, ки таъсиси чунин қабулгоҳ дар шаҳри нурофарон барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва пешбурди ҳуқуқи инсон саҳми босазои худро мегузорад.Ииштирокчиёни мизи мудаввар доир ба паҳлӯҳои фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятӣ, махсусан иштироки намояндагони ВАО дар инъикоси фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятӣ, мусоидат ва ҳамкории дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо он мубодилаи афкор намуданд.Ёдовар мешавем, ки ин панҷумин Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад ва чунин қабулгоҳҳо дар шаҳрҳои Турсунзода, Қурғонтеппа, Хуҷанд ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд фаъолият доранд.Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар самтҳои мусоидат ба барқароркунии ҳуқуқҳои вайронгардидаи шаҳрвандон, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот доир ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, расонидани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ фаъолият менамояд. Ифтитоҳи чунин қабулгоҳҳо дар ояндаи наздик дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ишкошим ва Хоруғ дар назар дошта шудааст.Ҳамаи хизматрасониҳои Қабулгоҳи ҷамъиятӣ ба тариқи ройгон амалӣ мегарданд.Қабулгоҳи ҷамъиятии мазкур бо ибтикори Ваколатдори ҳуқуқи инсон, мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва маблағгузории Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) тавассути Ташкилоти ҷамъиятии Байналмиллалии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» ба муддати 2 сол амалӣ карда мешавад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсон Азиз Солиев иттилоъ дод.

Апрель 5, 2012 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад