Кӯмак ба зарардидагон

Апрель 4, 2012 09:23

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари вилояти Хатлон Зубайдулло Толибов, ба зарардидагони маҳаллаи «Баҳор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа кӯмакҳои аввалия расонида шуданд.Ёдовар мешавем, ки шаби 1-уми апрели соли 2012 бар асари борони сел манзили зисти беш аз 60 сокини маҳаллаи «Баҳор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа комилан хароб гардид. Дар маҳалли фалокати табиӣ ситоди шаҳрии рафъи оқибати ҳодисаи табиӣ ташкил ёфта, дар якҷоягӣ бо афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон ба сокинони маҳаллаи зарардида кӯмак мерасонанд. Ситоди таъсисшудаи ҳукумати шаҳр зарари хисороти табииро дар ҷойи ҳодиса муайян мекунад. Сокинони маҳаллаи «Баҳор» сабаби рух додани ҳодиса ва зарари расидаро дар тоза накардани заҳбуру ҷӯйборҳои обпарто аз ҷониби кормандони марбутаи шаҳр медонанд. Селоба баробари ба коми худ кашидани хонаҳои истиқоматӣ, захираи хӯроквории мардумро низ ба пуррагӣ нобуд сохт. Ба зарардидагон маводи хӯрокӣ, ҷойи хоб, аз қабили матрас, болишт, хайма ва дегу табақ тақсим карда шуд. Ҳукумати шаҳр иқдоми дигарро низ пайгирӣ мекунад.

Апрель 4, 2012 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии Шурои ҳамкории фарҳангии ИДМ мегардад
Рушди робитаҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон даври вилоятии озмун оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид