Кишти пахта оғоз ёфт

Апрель 10, 2012 11:11

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи маълумоти раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба кишти пахта шурўъ намуданд. Имсол кишти пахта дар ҷумҳурӣ 209300 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор дар 10000 гектар пахтаи навъи маҳиннах кишт мешавад. Дар ҷумҳурӣ то 09.04.2012 дар як рўз 8849 гектар ва аз аввали мавсим 52295 гектар замин кишт шудааст, ки баробари 25 фоизи нақша буда, аз он 870 гектараш пунбаи навъи маҳиннах мебошад. Кишти замини пахта асосан дар вилояти Хатлон оғоз ёфтааст ва он имсол дар вилоят 136 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар 44391 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишти пахта дар вилояти Суғд 62500 гектарро ташкил медиҳад. Дар вилоят аз аввали мавсим дар майдони 6268 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар 1636 гектар пунба кишт шудааст. Дар ҷумҳурӣ барои кишти пахта 1277 адад тухимипошак омодаи кор аст.

Апрель 10, 2012 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд