Китоб – сарчашмаи донишу тамаддун
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар»). — 20 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои ҷумҳуриро таҳлилу баррасӣ карда, ҷиҳати рушди минбаъдаи он ба мақомоти дахлдор дастуру ҳидоятҳои муфид дод. Аз ҷумла, Сарвари давлат чунин зикр намуд: «Таърихи тӯлонӣ ва пуршебу фарози башар собит месозад, ки маънавиёт ва фарҳангу маърифат сифатҳои фитрии инсон буда, густариш ва таҳкими пайвастаи арзишҳои милливу умумибашарӣ, рушди ҳамвораи илму маориф, технология ва татбиқи бозёфтҳои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният ҷавҳари аслии рушду тараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хосса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад». Аҳли илму фарҳанг дастурҳои Сарвари давлатро ҳамчун роҳнамои фаъолият қарор дода, дар кулли муассисаю ташкилоти соҳаҳои гуногун нақшаи чорабиниҳо омода кардаанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода доир ба нияту нақшаҳои корӣ вобаста ба дастурҳои Сарвари давлат дар мавриди рушди соҳаи китобдорӣ мусоҳиба анҷом дод, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем. —-Бардошти Шумо аз Паёми Сарвари давлат чӣ гуна аст ва дар партави он дар самти китобу китобдорӣ кадом корҳо анҷом дода мешаванд? —-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши фарҳангро дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки солҳои охир дар ин соҳа як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд, ки барои густариши фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ва ҳамзамон бо ин, шиносонидани кишвари соҳибистиқлоли мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд. Бахусус қабули силсилаи қонуну барномаҳои давлатӣ ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии вобаста ба инкишофи минбаъдаи соҳаи китобдорӣ барои татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати дарёфти иттилоот, ошноӣ бо комёбиҳои нави илмӣ ва дастрасии озодона ба мероси таърихию фарҳангии миллӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ҳамчун санадҳои асосии танзимкунандаи фаъолияти китобдорӣ барои ба талаботу ниёзи ҷомеаи муосир мувофиқ намудани самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти китобхонаҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам оварданд. Ҳадафи асосии барномаҳои мазкур ба беҳбуди кулли самтҳои фаъолияти китобхонаҳои мамлакат, мусоидат ба автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ, компютерикунонӣ ва татбиқи технологияи нави коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа ва такмили сатҳи дониши касбии китобдорон равона шудааст. Масалан, татбиқи ин барномаҳо имкон дод, ки дар радифи такмили фонди китобхонаҳои мамлакат бо адабиёти ниёзи хониш, дар фаъолияти онҳо низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ ҷорӣ карда шавад ва дар робита ба ин дастрасии хонандагон ба манобеи чопию электронии марказҳои иттилоотӣ ва китобхонаҳои ватанию хориҷӣ таъмин гардад. Аз ҷумла, хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз имкон доранд, ки бо истифода аз манобеи электронии ширкати байналмилалии Euromonitor international ба 8 миллион маълумоти омории муқоисавӣ ва байналмилалӣ доир ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт, демография ва ҷуғрофиёи 205 мамлакати ҷаҳон ошноӣ пайдо намоянд ва ё 400 ҳазор матни электронии рисолаҳои номзадию доктории Фонди электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русияро мавриди истифода қарор диҳанд. —-Дар Паём нақш ва мақоми Китобхонаи миллӣ дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории китобу дастхатҳои нодир махсусан таъкид гардид ва назари Шумо ба ин масъала чи гуна аст? —Бале, дар Паёми Президенти мамлакат ишора шуд, ки маҳз ба хотири эҳёи тамаддуни таърихӣ ва пайвастан ба равандҳои илмию фарҳангии муосир ба наздикӣ Китобхонаи миллӣ ба истифода дода шуд, ки метавонад дар ҷамъоварӣ, ҳифзи китобу дастхатҳои нодир ва дар маҷмӯъ дар рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии ҷомеа нақши бориз дошта бошад. Ин нукта инчунин як моҳ қабл дар суханронии Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат таъкид шуда буд. Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамият ва зарурати ин масъала ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» супориш дода шуд, ки бо ҷалби олимону мутахассисон барои ҷамъоварӣ, феҳристнигорӣ, рақамигардонӣ ва харидории нусхаҳои нодири хаттӣ аз аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешанд ва онҳоро ба истифодаи умум пешниҳод намоянд. Воқеан, ба фаъолият шурӯъ кардани Китобхонаи нави миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақш ва мақоми китобу китобхона дар ҳаёти ҷомеа, рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ, китобхонӣ ва маърифати илмию фарҳангии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овард. Имрӯз дар Китобхонаи нави миллӣ 28 махзани нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, 25 толори хониш барои 1458 ҷойи нишаст, 274 ҷойгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ барои хонандагон ва 312 утоқи корӣ барои кормандони китобхона, 3 намоишгоҳи китоб, 9 маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаву симпозиумҳо барои 1100 ҷойи нишаст, 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ, ба истифода дода шуданд. Илова бар ин, барои сари вақт қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии хонандагон ва хубу ҳамаҷониба ба роҳ мондани хадамоти китобдорӣ бахшу шӯъбаҳои нав, аз қабили «Шӯъбаи менеҷ¬мент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ», «Шӯъ-баи тарғиб ва баргузории тадбирҳои фарҳангӣ», «Шӯъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо», «Шӯъ¬баи табъу нашр», «Шӯъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмӣ», «Шӯъбаи хизматрасонӣ ба маю¬бон», «Шӯъбаи истифодабарӣ ва хизматрасонии электротехникӣ», «Шӯъбаи истифодабарии техникӣ ва хизматрасонии коммуналӣ», мар¬казҳои соҳавии «Тоҷикшиносӣ», «Ко¬ну¬ни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ», «Иттилооти ҳуқу¬қӣ», «Такмили ихтисоси корман¬до¬ни китобхонаҳо» ва толорҳои хониши тахассусӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. —Барои татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар Китобхонаи миллӣ кадом чорабиниҳо ба нақша гирифта мешаванд? Барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат тибқи нақшаи чорабиниҳо баргузории мизҳои мудаввар, конфронсҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва вохӯриҳо доир ба мавзӯъҳои: «Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ — барномаи дурнамои бунёдии Тоҷикистони соҳибистиқлол»; «Вазифаи китобхонаҳо дар шароити рушди технологияи муосири иттилоотӣ»; «Истиқлолият ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон»; «Нақш ва мақоми китоб дар тарбияи маънавии ҷавонон», ташкили намоиши китобҳо, таҳияи картотека ва рӯйхати тавсиявии адабиёт доир ба мавзӯи «Аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа» дар назар дошта шудааст. —Ташаккур барои сӯҳбат! Мусоҳиб Фирӯза Давлатова