Конфронси минтақавии кишоварзӣ дар Боку

Апрель 20, 2012 10:45

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 19 апрели соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон конфронси минтақавии Ташкилоти кишоварзӣ ва озуқаи (ФАО) СММ ба кори худ оғоз кард.Дар конфронс Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвари кулли ташкилоти ФАО дар пойтахти Итолиё- шаҳри Рум ҷаноби Грациану да Силва, роҳбарони вазоратҳои кишоварзии 54 давлати минтақаи Аврупою Осиёи Миёна ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалии ҷаҳон иштирок намуданд.Дар ҷаласа аз ҷумҳурии мо вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов иштирок карда сухан гуфт. Қ. Қосимов аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Озарбойҷон, ФАО ва тамоми иштирокчиёни конфронс паёми шодбоширо расонида, сипас доир ба ислоҳоти соҳаи аграрии давлатамон маълумот пешниҳод намуд. Вазир аз ҷумла зикр намуд, ки бо дастгирии Ташкилоти ФАО ва кишварҳои ҳамкор барои рушд «Барномаи дарозмуддати ислоҳоти аграрӣ барои Тоҷикистон» таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст. Татбиқи ин барнома баъд аз дастгирии Ҳукумат дар амал метавонад на танҳо мушкилоти таъмини амнияти озуқавориро дар мамлакат ҳал кунад, балки дар натиҷаи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба бозорҳои беруна барои паст кардани шиддати бехатарии озуқаворӣ дар минтақа кӯмак намояд. «Имрӯз Тоҷикистон, ки сиёсати дарҳои бозро эълон кардааст, шомили тамоми ташилоту созмонҳои байналмилалӣ мебошад ва тадриҷан иқтисодиёти худ, заминаҳои ҳуқуқии давлатро ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ мегардонад. Дар ин радиф Тоҷикистон имрӯз ба аксарияти талаботи Ташкилоти ФАО ҷавобгӯ буда, дар раванди ислоҳоти сохтории он ниёз ба ташкили Намояндагии комилҳуқуқи ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад»,- таъкид намуд Қосим Қосимов. Пешниҳоди вазирро роҳбарияти конфронс ва иштирокчиён, аз ҷумла вакилони Иттиҳоди Аврупо, Кирғизистон, Озарбойҷон ва Молдова дастгирӣ намуданд. Таклиф гардид, ки масъалаи мазкур барои баррасӣ ва тасдиқ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ФАО, ки моҳи июн дар Рим баргузор мегардад, пешниҳод карда шавад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Дадабоев аз шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ дод.

Апрель 20, 2012 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд