Лигаи чемпионҳои Аврупо: «Бавария»-«Челси»
Душанбе, 26 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- «Бавария»-и Олмон баъди ғалабаи навбатиаш бар «Реал»- Мадрид ба бозии ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо роҳ ёфт. Вохӯрӣ хеле пуршиддат сурат гирифт. Агар дар вохӯрии аввал «Бовария» бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карда бошад, пас натиҷаи бозии дуввум дар вақти асосӣ ва иловагӣ бо ҳамон натиҷа ба нафъи «Реал» ҷамъбаст шуд. Барои муайян кардани ғолиб баъди бозӣ зарбаҳои 11 метра таъин шуданд ва «Бавария» бо натиҷаи 3 бар 1 ғолиб омад. Акнун дар бозии ниҳоӣ «Бавария» бо «Челси» дар варзишгоҳи худ дар Мюнхен рӯзи 19 май қувва меозмояд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






