Маҳсулоти умумии дохилӣ дар муқоиса ба соли 2011

Апрель 18, 2012 10:32

Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Агентии омори назди Президенти ҶТ маҳсулоти умумии дохилии истеҳсолшударо дар моҳҳои январ – марти соли 2012 ҷамъбаст намуд. Ба иттилои манбаъ, дар асоси маълумоти таъҷилӣ дар семоҳаи аввали соли 2012 маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД) 5 млрд. 575 млн. 508 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 дар асоси нархҳои муқоисавӣ 107, 2 фоизро ташкил дод. Дар ин давра маҳсулоти кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2011 6,9 фоиз, саноат ва энергетика -16,8, савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва маводи истифодаи шахсӣ-24,5, таъминоти иҷтимоӣ ба андозаи 4,1 фоиз зиёд иҷро гардид. Мутаассифона соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа, маориф, тандурустӣ ва андоз нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 камтар муваффақ гардиданд. Зиёд шудани маблағи (МУД) то як дараҷа ба боло рафтани нархи маҳсулот низ вобастагӣ дорад,- иброз доштанд дар Агентии омор ба мухбири АМИТ «Ховр».

Апрель 18, 2012 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад