Маросими супоридани грантҳои хурд

Апрель 2, 2012 17:33

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар доираи татбиқи Барномаи «Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мубориза бар зидди нашъамандӣ» рўзи 4 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар бинои Кумитаи миллии олимпӣ маросими супоридани грантҳои хурд баргузор мегардад. Дар озмуни грантҳои хурди Барнома ҷавонон аз ҳисоби 150 нафар тарғиботчиёне, ки аз 7 мавзеи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кўлоб, Ваҳдат ва ноҳияҳои Ҳисор, Рўдакӣ ва Варзоб, ҳамчун тарғиботчии фаъол омода мегарданд, ширкат варзиданд. Грантҳои хурд дар ҳаҷми 1400 сомонӣ барои 12 лоиҳа ҷудо гардида, давомнокии лоиҳа ба мўҳлати ду моҳ пешбинӣ шудааст.Мақсад аз ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаю маҳорат, ташаббускорӣ ва дигар сифатҳои пешоҳангии ҷавонон мебошад.Хотиррассон менамоем, ки Барномаи мазкур аз ҷониби Академияи миллии олимпии Тоҷикистон ва шуъбаи мубориза бар зидди паҳншавии нашъамандии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.Шарикони лоиҳа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» мебошанд.

Апрель 2, 2012 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад