Мизи мудаввар дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот»
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Имрӯз дар бинои мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон барои кормандони ваколатдори ҳуқуқи инсон, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзўи «Дастрасӣ ба иттилоот» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомот ва сохторҳои гуногун иштирок намуданд. Мизи мудаввар бо суханони Зариф Ализода – Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон оғоз гардид. Ҳамчунин дар ҳамоиш Музаффар Ашӯров, мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, ҳамоҳангсози барномаи ниҳоди даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон Сигрид Кринтиансед ва дигарон маърӯза карданд. Инчунин аз ҷониби рӯзноманигорон бо мутахассисони соҳаҳои дахлдор суолу ҷавоб ва мубоҳисаҳо сурат гирифт. Дар назар аст, ки пас аз зӯҳр низ аз ҷониби масъулини Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳои марбут маърӯзаҳо пешкаши иштирокдорони ҳамоиш гардад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






