Муҳокимаи масъалаҳои энергетика

Апрель 6, 2012 10:58

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 5 апрел мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмудҷон Собиров бо раиси Агентии энергетикии «DENA» — и Олмон Штефан Колер баргузор гардид. М.Собиров дар ҷараёни мулоқот перомуни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон моҳи декабри соли 2011 ва имзои Ёддошт дар бораи ҳамфикрии байни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Агентии «DENA» нақл кард. Ҳуҷҷати мазкур асоси роҳандозӣ намудани ҳамкории байни ду кишвар дар бахши тавлиду истифодаи самарабахши нерӯи барқ мегардад. Маҳмудҷон Собиров диққати мусоҳибро ба нерӯи мавҷудаи гидроэнергетикии Тоҷикистон ва имконияти ҳамкории мутақобилан муфид дар ин бахш ҷалб намуд. Мавсуф ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки истифодаи технологияи муосири Олмон имкон медиҳад, ки роҳҳои ҳалли проблемаҳои энергетикии ҷумҳурӣ пайдо намуда ва захираҳои оби кишвар самарабахштар истифода шаванд.Раиси Агентии «DENA» дар навбати худ зикр намуд, ки дар ҷараёни сафараш самтҳои мушаххаси ҳамкории Агентӣ бо Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои ин заминаи ҳуқуқии фаъолияти муштарак фароҳам оварда шудааст. «Ҳар ду ҷониб омодаанд, ки нақшаҳои мушаххаси фаъолияти минбаъдаро муҳокима намоянд», — гуфт Штефан Колер.Қобили зикр аст, ки мақсад аз фаъолияти Агентии «DENA» асосан иборат аз афзун намудани самарабахшии энергетика, ҷорӣ намудани технологияҳои навтарин ва истифодаи манбаъҳои нави тавлиди нерӯи барқ мебошад.

Апрель 6, 2012 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад