Мулоқот бо намояндагони СММ
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 19 апрели соли равон мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ёвари Дабири кулли СММ ҷаноби Луис Горатсио Гомес Эчеверри, сармушовири Бонки Ҷаҳонӣ доир ба энергетика ҷаноби Венката Рамана Путти, мушовири техникии минтақавии барномаи рушди СММ доир ба Аврупо ва ИДМ хонум Марина Олшанская дар ҳайати Комиссияи Олии СММ, ки дар доираи «Соли байналмилалии энергияи устувор барои ҳама» ва ташаббуси Дабири кулли СММ «Энергияи устувор барои ҳама» таъсис гардидааст, баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин зикр шуд, ки аз ҷониби СММ имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, механизми рушди тоза амалӣ гардида, заминаҳои минбаъд густариш додани ҳамкориҳо мавҷуд мебошад. Ёдовар мешавем, ки ташабусси СММ «Энергияи устувор барои ҳама» татбиқи се мақсади асосиро то соли 2030, аз қабили дастрасии умумӣ ба нерӯ, афзун намудани истифода аз самаранокии нерӯ, ду баробар афзун намудани нерӯи барқароршаванда дар доираи глобалӣ фаро мегирад. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки дар ҳамкорӣ бо СММ дар ҷумҳурӣ 6 НБО-и хурд бо иқтидори 1668 кВ соат бунёд гардидааст.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






