Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори рўзномаи мисрии ал-Масоийя

Апрель 9, 2012 14:48

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Як саҳифаи шумораи рўзи 6 апрели рўзномаи бонуфузи мисрӣ – ал-Масоийя (Шомгоҳӣ) ба мусоҳиба бо Эмомалӣ Раҳмон ва инъикоси Наврўзи байналмилалӣ-2012 ва конфронси РЕККА-5 дар шаҳри Душанбе бахшида шуд.Ин мусоҳибаи мусавварро сархатҳои «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин мусоҳиба бо матбуоти мисрӣ», «Тоҷикистон қазияи обу энергетикаро аз авлавиятҳои сиёсати худ ба манфиати умум медонад», «Тоҷикистон ва Миср дипломатияи оромро дар масоили об сармашқи кор қарор додаанд», «Барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба орзуманди дидор бо президенти ояндаи Мисрем» ва «Сиёсати дарҳои бозро бар асоси манфиатҳои муштарак ва эътимоди мутақобил ба пеш мебарем» оро додаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳибаи густурда бо муовини сармуҳаррири рӯзномаи «ал-Масоийя» («Шомгоҳӣ») Муҳаммад Салома ба суолҳои ў доир ба нақши созандаи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон, ташаббусҳои судманди ба таҳкими амнияту суботи минтақавӣ равонагардида, талошҳо барои эҳёи сулҳ ва ҳаёти осоишта дар Афѓонистон, тарѓиб ва татбиқи дипломатияи обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, ташвиқи фарҳанги сулҳу сулҳсозӣ, ҷаҳонишавии Наврўзи оламафрўз, робитаҳо бо Ҷумҳурии Мисри Араб ва бо дигар кишварҳои ҷаҳон посух гуфта, тавассути ин рўзномаи бонуфузи Миср ва кулли олами Араб Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.Дар ин рўзнома ҳамчунин тантанаҳои Наврўзи байналмилалӣ – 2012 ва конфронси РЕККА-5, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони 4 давлат ва намояндагони воломақоми зиёда аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ баргузор гардид, инъикос ёфтаанд. Ҷойи таъкид аст, ки рўзномаи мисрии ал-Масоийя замимаи шомгоҳии рўзномаи бонуфузи Ахбор — ул — явм (Ахбори рўз) буда, ҳар рўз бо теъдоди 100 ҳазор нусха ба табъ мерасад ва дар дохилу хориҷи ин кишвар хонандагони зиёд дорад. Матни пурраи ба тоҷикӣ тарҷумашудаи мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо рўзноманигори мисрӣ дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет — president.tj ҷойгир шудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 9, 2012 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид