Мусобиқаи баскетболбозон

Апрель 13, 2012 14:02

Хоруғ, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар толори варзишии литсейи Оғохон мусобиқаи баскетболбозони синнашон аз 40 боло анҷом ёфт. Мусобиқа ба хотири ёдбуди Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии номии вақт Хушназар Холиқназаров баргузор шуд. Дар мусобиқа беҳтарин дастаҳои маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хоруғ иштирок доштанд. Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи корхонаи нонпазӣ бар дастаи кӯчаи Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов пирӯз шуд. Ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят қадр карда шуданд.

Апрель 13, 2012 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд