Нархи барқ: ислоҳот ногузир аст!

Апрель 9, 2012 11:49

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Пеш аз ин ҳам Хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» тавассути сайти худ – barkitojik.tj асос ва сабабҳои баланд шудани нархи барқро дар кишвар пурра шарҳ дода буд. Вале баъди пайдо шудани изҳори назари Шўрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар маводу изҳори назар дар матбуот зарур мешуморем, ки ин қазияро бори дигар барои хонандагон шарҳ диҳам. Ҳам Шўрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳам баъзе намояндагони ВАО шояд ба вазъи кунунии молиявӣ-истеҳсолии системаи энергетикии Тоҷикистон он қадар ошно нестанд ва аниқ дарк накунанд, ки алҳол бе гузаронидани ислоҳоти нарх на танҳо талаботи рўзафзуни аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакатро бо барқ наметавон қонеъ кард, балки ҳатто коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии кишвар низ дар чунин вазъият зери хавф мемонад.  Дуруст аст, ки сатҳи зиндагии мардуми мо он қадар баланд нест, вале инро ҳам набояд фаромўш кард, ки дар айни замон воситаи аз ҳама дастрас ва асосии мардум нерўи барқ боқӣ мондаасту дар фасли зимистон аз он ҳама пурра бархурдор нестанд. Агар система рушд накунад, иқтидорҳои нав бунёд наёбанд, мардумро мувофиқи талаботи рӯзафзун бо барқ дигар ба тариқи маҳдудсозӣ низ таъмин намудан ғайриимкон мегардад. Дар ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати амиқи худро дорад. Тавсияҳои институтҳои молиявӣ ва иқтисодии байналмилалиро меомўзад, вале ҳаргиз ба онҳо тобеъ нест. Агар ҳукумат пурра аз рўи тавсияи Бонки ҷаҳонӣ амал менамуд, ҳоло нархи барқ барои аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 16,2 дирам мебуд ва имрўз ба 19,44 дирам мерасид. Гап сари он аст, ки дар ду соли охир нархи тамоми маҳсулоти саноатӣ ва воридотӣ бамаротиб баланд бардошта шуд, вале нархи барқ бетағйир монд. Аммо ҳоло замоне расидааст, ки бо чунин нархнома, ки ду сол боз мавриди амал аст, системаи энергетикии кишвар дигар наметавонад талаботи таъминот бо барқро ҳатто дар сатҳи имрўза иҷро намояд.Дар заминаи сиёсати амиқи энергетикии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегӣ эълон шудааст, дар кишвари мо соҳаи энергетика, махсусан бунёди иқтидорҳои нав, хеле муваффақона ва пешрав аст. Як тасаввур намоед, ки агар имрўз нерўгоҳҳои «Сангтўда-1» ва «Сангтўда-2» мавҷуд намебуд, НБО-и Нораку Қайроққум таҷдид намешуданд ва хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» бунёд намеёфт, мо ба чӣ ҳолате меафтодем. Аниқ, ки муҳтоҷу дастнигар мешудем. Ду роҳ боқӣ мемонд — ё кишварҳои ҳамсоя ба мо барқ намедоданду дар зулмат мемондем, ё агар медоданд ҳам, нархро осмонӣ мекарданд. Воқеан, як мақсади аз системаи электроэнергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷудо кардани мо низ ана дар ҳамин буд. Ҳарчанд дар ин система будани Тоҷикистон аз мо дида ба кулли ҳамсояҳо манфиатбахш аст, моро ҷудо карда, интизор буданд, ки вилояти Суғд бебарқ мемонад ва мо пешашон сархам мешавем. Аммо сар хам накардем: ХИБ 500 «Ҷануб-Шимол»-ро якуним сол пеш аз мўҳлат, «Сангтўда-1»-ро дар мўҳлати муайяншуда ба истифода додем, навбати аввали «Сангтўда-2» ба кор сар кард. Ҳоло дар ҳар шабонарўз ин ду нерўгоҳ қариб 9 миллион кВт.соат ва аз ибтидои соли ҷорӣ, мутаносибан, 150 ва 45 миллион кВт.соат барқ додаанд. Вале барқи онҳо бепул нест. Мо аз ҶСК «Сангтӯда-1» нерўи барқро мутобиқ бо арзиши аслии маҳсулоти (нерўи барқи) истеҳсолнамудаи онҳо харидорӣ намуда, онро мутобиқи тарифе, ки 29 декабри соли 2009 қабул шудааст, ба муштариён мефурўшем. Яъне, бо нархи қиммат харидорӣ намуда, барои он, ки мардум бо барқ таъмин бошад, арзон мефурўшем. Дар зарфи чор сол, солҳои 2008-2011, Ширкат аз ин ҳисоб ба маблағи 148,0 млн.сомонӣ зарари молиявӣ дидааст. Паст будани тариф ба Ширкати “Барқи Тоҷик” имконият намедиҳад, ки маблағи барқи ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1”-ро пурра пардохт намояд ва дар айни замон қарзи Ширкат дар назди ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” ба 218 млн.сомонӣ баробар шудааст. Соли ҷорӣ ШСХК “Барқи Тоҷик”аз НБО-и “Сангтӯда-2” энергияи барқро бо тарифи боз ҳам баландтар харидорӣ менамояд, ки ба хотири бо барқ беҳтар таъмин намудани кишвар, вале бар зарари молиявии Ширкат мебошад. Бо вуҷуди кӯмаки беандоза расониданашон дар таъмини барқ роҳбарияти ҳам “Сангтўда-1” ва ҳам “Сангтўда-2” барқи истеҳсол менамудаашонро аз рўи арзиши аслии маҳсулот мефурўшанд, ки ин дар шароити иқтисоди бозорӣ амали муқаррарист; онҳо бар зарари худ кор кардан намехоҳанд. Ва то вақте мо низ нархи нерўи барқи худро аз рўи арзиши аслии маҳсулотамон ба хотири худтаъминкунӣ ва такрористеҳсолкунӣ ислоҳ насозем, соҳаи гидроэнергетикаамон рушд нахоҳад кард ва таъминот бо барқ беҳтар нахоҳад шуд. Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар нерўгоҳҳои Тоҷикистон, ки онҳо нерўгоҳҳои барқи обиянд ва манбаъи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Дар асл баробари дигар хароҷоте, ки барои коршоям нигоҳ доштани иншооти барқӣ зарур аст, барои об ҳам пул сарф мегардад: дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо аз 32 то 35 млн.сомонӣ ба тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад. Илова бар ин, ташхиси ҳолати техникии иншооти барқии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи ширкати Олмонии Fichner (Фишнер) дар соли 2011 гузаронида шудааст, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани нерўгоҳҳои Норак, Қайроққум, Сарбанд, силсиланерўгоҳҳои Варзоб, инчунин як қатор Хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддатро зарур мешуморад. Аз рўи нақша барои танҳо таҷдиди нерўгоҳҳо дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои таҷдид дар асоси меъёрҳои техникии байналмиллалии мўҳлатҳои кафолатии истифодаи таҷҳизоти асосии нерўгоҳҳо таҳррезӣ гардидаанд. Барои нерўгоҳҳои барқи обӣ ин мўҳлати кафолатии истифодаи бехатари таҷҳизоти асосӣ 40 сол муайян карда шудааст. Аммо агрегатҳои НБО-ҳои Норак- солҳои 1972-79, Сарбанд-солҳои 1962-63, Қайроққум-солҳои 1956-57, “Варзоб-1”-соли 1936, “Варзоб-2”-соли 1949,”Варзоб-3”- соли 1952 ба истифода дода шудаанд. Ҳеҷ муболиға намешавад, агар бигўем, ки онҳо дар сари мў истодаанд ва ҷиддан ба таҷдид эҳтиёҷманд гардидаанд. Бояд қайд кард, ки иқтидори умумии ин нерўгоҳҳо 3436 МВт-ро ташкил дода, дар ин нерўгоҳҳо зиёда аз 75 фоизи барқи солонаи ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад. Дар ҳолати наандешидани чораҳои фаврӣ дар мавриди таҷдид ва бозсозии онҳо таъмин намудани бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ дар солҳои наздик зери хавф мемонад.Паст будани тарифи нерўи барқ, ки хароҷотро намепӯшонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро бобати татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди нерўгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ номумкин гардронидааст. Ҳамин тариқ, Ширкати “Барқи Тоҷик” барои баланд бардоштани эътимод дар таъмини муштариён бо барқ дар НБО-ҳо, МБГ-ҳо, шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратӣ ва ғайра корҳои зиёди таъмири ҷорӣ ва асосиро анҷом медиҳад, ки хароҷоти умумии истеҳсолии Ширкат бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва гази табиӣ) барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, хариди энергияи барқ аз НБО-ҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, хариди қисмҳои эҳтиётӣ, пардохти музди меҳнати кормандон, пардохти андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, хароҷоти дорои хусусияти истеҳсолӣ, ки аз тарафи корхонаҳои пудратӣ иҷро карда мешаванд, масолеҳи ёрирасон ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ соле 850-900 млн.сомониро ташкил медиҳад ва ҳамаи ин хароҷот ба арзиши аслии истеҳсоли энергияи барқ ва мутаносибан, ба тарифи энергияи барқи ба муштариён интиқолшаванда таъсири худро мерасонанд. Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи монополияҳои табиӣ” ба номгӯи субъектҳои монополияи табиӣ шомил буда, танзим намудани фаъолияти Ширкат дар масъалаи нархгузории энергияи барқ ва гармӣ ба салоҳияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Ширкати “Барқи Тоҷик” ба Хадамоти мазкур сметаи хароҷот ва даромади Ширкатро барои соли 2012 барои омӯзиш пешниҳод намуда буд. Мувофиқи сметаи мазкур дар соли 2012 бо назардошти афзоиши нархи маҳсулоти сӯзишворӣ (гази табиӣ ва мазут), ки дар МБГ-ҳо истифода мешаванд қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти энергетикӣ, энергияи барқи харидоришаванда ва ғайра, хароҷоти Ширкат (бе назардошти маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика) дар ҳаҷми 995 млн.сомонӣ дар назар дошта шудааст. Маблағи энергияи барқи ба муштариён интиқолшаванда (аз ҳисоби интиқоли барқи фоиданок ба муштариён) дар ин давра бо назардошти тарифҳои амалкунанда 1099 млн.сомониро ташкил хоҳад дод, ки маблағи даромад аз фаъолияти Ширкат 104 млн.сомониро ташкил медиҳад (1099-995=104). Аз маблағи даромад аз фаъолияти Ширкат 15%, яъне 15,6 млн.сомонӣ андоз аз фоида бояд пардохт карда шавад, ки дар натиҷа фоидаи соф ба 88,6 млн.сомонӣ баробар хоҳад шуд (104-15,6=88,6). Бояд қайд намуд, ки фоидаи мазкур танҳо дар ҳолати пурра (100%) пардохт шудани маблағи барқи истифодашаванда аз ҷониби муштариён имконпазир мегардад, аммо дар мавриди ҳатто 90% пардохт шудан маблағи воқеии ҷамъовардашуда дар суратҳисоби Ширкат метавонад ба 989 млн.сомонӣ баробар шавад, ки ин хароҷоти истеҳсолии Ширкатро пӯшонида наметавонад. Дар сурати 100% пардохт шудани маблағи энергияи барқ аз ҷониби муштариён гарчанде, ки Ширкати “Барқи Тоҷик” хароҷоти истеҳсолии худро пӯшонад ҳам, аммо маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ, сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ, пардохти қарзҳои Ширкат дар назди буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби андозҳо, дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Созишномаҳои зерқарзӣ, дар назди ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” ва “Сангтўда-2” ғайриимкон мегардад. Дар заминаи ҳамин таҳлил нархи барқ дар ҷумҳурӣ баланд бардошта шуд. Бояд қайд намуд, ки новобаста ба ин баландшавӣ нархи қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз ба маротиб арзон аст. Ҳамин тариқ, аз 1 апрели соли 2012 нархи барқ дар ҷумҳурӣ ба қадри 25 фоиз, барои аҳолӣ андаке зиёдтар аз 20 фоиз баланд бардошта шуд. Муштариёни маишӣ (аҳолӣ), ки то ин дам барои ҳар кВт.соат 9 дирам маблағ медоданд, акнун 11 дирам маблағ месупоранд. Бояд қайд намуд, ки ин ба гурўҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи қисми меъёрии хароҷоти барқи онҳо аз тарафи давлат ҷуброн мегардад. Боз як сабукие, ки ин ҳам тадбири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, дар он аён мегардад, ки солҳои пеш нархи барқ одатан аз ибтидои сол, яъне 1 январ баланд бардошта мешуд. Ба хотири он, ки дар фасли зимистон талабот ба барқ хеле зиёд аст, ин маротиба баландшавии нархи барқ аз 1 апрел сурат гирифт. Дар айни замон, ба қадри 2 дирам қиммат шудани нархи барқ ба хотири рушди соҳаи барои зиндагиву рўзгор ва кору амали ҳамаи мо муҳиму зарурӣ ҷузъан он қадар таъсири гароне надорад. Вале ин барои пешрафти ин соҳа, таъминот бо барқ ва пешрафти иқтисодиёти мо хеле муҳим аст. Маҷозан гўем, акнун мардум барои ҳар кВт.соат нерўи барқ 2 дирам зиёд месупорад, то ки ҳар қадар таъминоти худро бо барк хубтар созад. Аз дигар тараф ин ногузир аст; ҳарчанд медонем, ки ҳар зиёд шудани нарх як нохушнудие пеш меорад, вале барои равнақи системаи энергетикии кишвар, ки мақсад аз он пеш аз ҳама таъминоти беҳтару бештар бо барқ аст, инчунин истифодаи сарфакорона ва максадноки нерўи барқ ин тадбир ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таҳти рақами 103 «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ», ки мақсад аз он рушди соҳаи энергетика ва иҷрои Барномаи стратегии ислоҳоти бахши энергетика мебошад, пеш аз ҳама тадбирест, ки барои беҳбудии таъминоти мардум бо барқ равона гаштааст. ..Ҳамин аст, таҳлили хеле мухтасари масъалаи қиммат шудани нархи барқ. Зарурати интишори ин шарҳ дар чист? Қишри огоҳи ҷомеа аксаран мефаҳманд, ки ин тадбир ногузир буд, дар шарҳи пешина низ ин факту рақам муфассалтар оварда шуда буданд. Вале як чиз водор менамояд, ки ин вокунишро бояд ҳатман нашру пахш намуд: вақте Шўрои сиёсии ҲНИТ ҷаласаи ғайринавбатӣ даъват намуда, бе ягон асоси мўътамад Қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки замина ва асосҳои раднопазир дошта, барои равнақи энергетика ва тамоми кишвар муҳим ва зарур аст, таҳриф кардан мехоҳад ва ин метавонад, ки боиси нофаҳмиҳо дар байни аҳли ҷомеа гардад, зарур шуморидем як бори дигар таҳлили амиқи ногузир будани ин амалро барои иҷрои Барномаи стратегии ислоҳоти бахши энергетика ва таъминоти беҳтару бештари аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакат бо нерўи барқ, пешкаши мардум намоем.Бояд ҳар як узви ҷомеа донад, ки ислоҳоти нархи барқ тадбири воқеан ҳам ногузир аст дар бобати равнақи соҳаи гидроэнергетикаи кишвар ва, пеш аз ҳама, дар масъалаи дурнамои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакат. Тавре ки дар боло зикр намудем, новобаста ба ин баландшавӣ нархи қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз ба маротиб арзон аст. Барои муқоиса, нархи барқ дар кишварҳои ҳамсояи мо барои аҳолӣ чунин аст:Ўзбекистон—————- 3 сент;Қазоқистон—————- 8,4 сент;Қирғизистон————— 2,52 сент;Эрон————————- 10-12 сент;Афғонистон————— 6-8 сент;Покистон——————-9-12 сент Хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»

Апрель 9, 2012 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст