Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи экологҳои суғдӣ
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дирӯз дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи аввал ва вазифагузорӣ барои корҳои минбаъда баргузор гардид. Аз рӯи ҳисоботи муовини сардори Раёсати номбурда Хуршед Саидов, нисбат ба қонуншиканон дар Кумита 913 протокол тартиб дода, 523 ҷарима ба маблағи 97510 сомонӣ пешниҳод гардид ва 77687 сомонӣ рӯёнида шуд. Барои расонидани зарар ба табиат 153 иддао ба маблағи 89 ҳазору 608 сомонӣ ҷуброни зарар пешниҳод шудааст. Ба суди иқтисодӣ 8 адад мавод барои баррасӣ ба маблағи 120 ҳазору 318 сомонӣ пешниҳод гашт. Барои вайрон кардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист фаъолияти 12 иншоот муваққатан боздошта шуд. Раёсат минбаъд низ бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва пурзӯр намудани назорати давлатӣ фаъолияти худро баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20- солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






