Ниҳолхона дар Конибодом

Апрель 27, 2012 16:04

Суғд, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Яке аз роҳҳои зиёд кардани ниҳолҳои сабзу ороишӣ кишту парвариши тухмӣ ва қаламчаи онҳо дар ниҳолхонаҳост. Дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваи ноҳияи Конибодом дар майдони 2 гектар чунин ниҳолхонаи нав ташкил карда шуд.Дар он алҳол 18 ҳазор бех – 7 намуди зардолу, 20 ҳазор дона қаламчаи ангур, 20 ҳазор дона қаламчаи сафедор ва дар қатори алоҳида ниҳоли хурмо шинонида шудааст, ки моҳи ноябр тайёр мешаванд. Ташкили ниҳолхона барои бунёди 200 гектар боғи нав ва барқарор намудани 100 гектар боғи кӯҳна дар хоҷагӣ мусоидат менамояд.

Апрель 27, 2012 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд