«Нигоҳи нав» ба рушди театр

Апрель 30, 2012 15:32

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 2 майи соли 2012 дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаншвораи «Нигоҳи нав» ба кори худ шурӯъ мекунад.  Тавре ки роҳбари гурӯҳи ташаббускори созмондиҳии ҷашнвора Шоҳ Ҷамшеди Умарӣ иброз дошт, ҳадафи асосии он ҷалби ҷавонони эҷодкор ва фароҳам овардани имконоти мусоиди эҷодӣ баҳри рушди санъати театрист. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола ба ҳисоби миёна 30-50 нафар донишҷӯ донишкадаи санъатро бо ихтисоси актёр ва коргардони намоишҳои театрӣ, инчунин 10-15 нафар донишгоҳи шаҳри Хуҷандро бо ихтисосҳои фавқуззикр, ҳамчунин студияҳои махсуси актёрии назди театрҳои касбиро хатм мекунанд. Аз ин миқдор танҳо 50-55 фоизи онҳо тибқи ихтисоси худ фаъолият мекунанд. Қисми боқимондаи хатмкунандагони мактабҳои театрӣ тарки касб менамоянд. Тавассути ин гуна ҷашнвораҳо, ки махсус барои ҷавонон пешбинӣ мешаванд, дилгарм кардани онҳо дар ин самт дар назар дошта шудааст. Чун имрӯз театри миллӣ то андозае тамошобини воқеии худро аз даст додааст, гурӯҳи ташаббускори ҷашнвора тасмим гирифтааст, ки тавассути иқдоми хеш фазои эҷодии театрро бо нигоҳи нав ва ҳамқадамӣ бо замон дарёфт намояд. Ба андешаи ҷавонони ҳунарманд, истеъдодҳои нав аз миёни ҷавонон бо сабаби набудани ин гуна ҷашнвораҳо пушти парда мемонанд. Иштирок дар ҷашнвора бидуни ба назар гирифтани миллат, қавм, дин ва дигар мансубиятҳои иштирокчиҳо сурат мегирад. Хоҳишмандон намоиши худро ба ҷашнвора дар шакли фардӣ ё гӯруҳӣ пешниҳод кардаанд. Дар ҷашнвора гурӯҳҳои ҳунарӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Чкалов ширкат меварзанд. Ширкаткунандагон барои ба даст овардани ҷоизаҳои зерин: беҳтарин оҳанг, беҳтарин ороиши саҳна, беҳтарин нақши лаҳзавӣ, беҳтарин нақши занона, беҳтарин нақши мардона, беҳтарин коргардон-таҳиягар ва беҳтарин намоиш сабқат менамоянд. Ин ҷашни ҳунарӣ дар сурати имкон минбаъд ҳар сол як маротиба баргузор мешавад.

Апрель 30, 2012 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад