Оғози даври сеюм
Душанбе, 20 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар оғози дидорҳои даври сеюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи Олӣ чемпиони соли гузаштаи мамлакат- дастаи «Истиқлол» дар сафар аз тими «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи 0 бар 1 мағлуб шуд. Ягона голро дар дақиқаи 54-ум Ҳусейн Моҳрухӣ- бозингари эронии дастаи «Равшан» ба самар расонд. Сармураббии дастаи мизбон Никола Квазевич дар нишасти матбуотӣ баъди бозӣ арз кардааст, ки ман футболбозони «Равшан»-ро бо ин ғалаба табрик мегӯям, вале онҳо дар майдон бисёр дағал бозӣ мекунанд, ки ин шаъни футболро паст мекунад. «Истиқлол» бозии дуввум аст, ки ғалаба карда наметавонад ва ин ҳолат мухлисони дастаро дар ташвиш гузоштааст, зеро аз 5-уми май «Истиқлол» шарафи футболи кишварро дар бозиҳои Ҷоми президенти АФК, ки дар шаҳри Душанбе мегузаранд, ҳимоя хоҳад кард.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






