Оқибати фуромадани тарма
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – 2 апрел дар 80 километрии роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд – Чаноқ ҳодисаи фоҷиаовар рух дод. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, бар асари фуромадани тарма дар ин роҳ 4 мошини боркаш зери барф монда, 3 нафар ҳалок шуда ва 2 нафари дигар бистарӣ гардиданд.Назар ба хабари манбаъ, дар 289 километрии роҳи мошингарди Душанбе – Ҷиргатол низ тарма фуромадааст, ки дарозии он 100 метр ва баландиаш 5 метрро ташкил медиҳад. Алҳол дар як қисми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, ки шимоли ҷумҳуриро бо пойтахт пайваст мекунад ва дар 248 километрии роҳи мошингарди Ҷиргатол – Лахш ҳаракати мошинҳо қатъ гардидааст. Ғайр аз ин дар натиҷаи босуръат об шудани барфи кӯҳсор сатҳи оби дарёи Сурхоб баланд гардида, 32 хонаи истиқоматии деҳаи Қиблаии ноҳияи Темурмалик зери об мондааст.Гурӯҳи наҷотдиҳандагон сари вақт ба маҳалли ин воқеа ҳозир шуда, маҷрои дарёро пок намуда ва сокинонро ба ҷойҳои бехатар кӯчонидааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






