Обёрии заминҳои Моҳпарӣ
Суғд, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба мавзеи беоби «Моҳпарӣ» об оварда мешавад. Ин тадбири муҳим бо роҳи ҳашар ва ҷалби 10 адад мошину механизм амалӣ мешавад. Бо бунёди ҷӯйбор, ки 3,9 километрро дар бар мегирад, 830 гектар замини ин мавзеъ обёрӣ мешавад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми марти соли равон «Оид ба ҷудо намудани 855 гектар замин барои таъмини 5555 оилаи эҳтиёҷманди шаҳри Исфара» зиёда аз 5000 оила дар ин ҷо соҳиби қитъаи наздиҳавлигӣ мегардад. Бо бунёди ин иншооти обрасонӣ ҳамчунин 1700 гектар мавзеъи дигари Моҳпарӣ обёрӣ шуда ва замина барои рушди кишоварзию боғдорӣ дар ин мавзеъ муҳайё мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






