«Олимтой» «Истиқлол» гардид

Апрель 2, 2012 14:06

Душанбе, 2 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва қарори палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ номҳои як қатор деҳаю деҳот ва шаҳраки вилояти Хатлон тағйир дода шуд. Аз ҷумла, деҳаҳои Бешбулоқ ба деҳаи Чашмасор, Ширинбулоқ ба номи Тилло Солиҳов /деҳоти Озодӣ/, деҳаи Кунчӣ ба деҳаи Гулистон /деҳоти ба номи Г.Юсупова/, деҳаи Комсомол ба деҳаи Ваҳдат /шаҳраки Ҳаёти нав/, деҳаи Қуз-Қайнар ба деҳаи Оби Шифо /деҳоти Норин/, деҳаи Қирғинҷар ба деҳаи Оли Сомон /деҳоти Оби Мукии ноҳияи Ёвон/, деҳоти Комсомол ба деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи Қизилсӯ ба деҳаи ба номи Нурмат Сафаров, деҳаи Қизилтеппа ба деҳаи Ваҳдат /деҳоти Ғалаба/, деҳаи Комсомол ба деҳаи Нури Шарқ /деҳоти Комсомол/, деҳаи Арабҳо ба Дӯстӣ, Туғул ба Хуррамзамин /деҳоти Фархор/, деҳаи Саксанохур ба деҳаи Кӯҳандиёр, Ҳавзакон ба Садоқат, Майдапатта ба Кӯҳдоман, Даштак ба Меҳровар, Ҷида ба Ҳақиқат, Ҷалбузӣ ба деҳаи Шӯҳратёр /деҳоти Ватан/, Сомончӣ ба Сомониён, Қарахчӣ ба Саховат, Олимтой ба Истиқлол /деҳоти Зафар/, деҳаи Бобосафоли Поён ба деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Шӯркӯл ба деҳаи Обшорон /деҳоти Деҳқонариқ/, Қалъаи Пучқоқ ба Шараф, Ҷайралӣ ба деҳаи Меҳробод /деҳоти Дарқад/, деҳаи Фрунзе ба деҳаи Ботур Давлатов, Қизил-пахтачӣ ба Некманзар, деҳаи Карл Маркс ба деҳаи Фозилон /деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор/, деҳаи Қаратош ба деҳаи Дӯстӣ /деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак/, шаҳраки Ғаравутии ноҳияи Ҷиликӯл ба шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳаи Сопкадил ба деҳаи Ҳамид Баротов /деҳоти Пахтаободи ноҳияи Восеъ/, деҳаи Семеновод ба деҳаи Файзи Истиқлол, деҳаи Чапаев ба деҳаи ба номи Саъдии Шерозӣ /шаҳраки Бохтариён/, деҳаи 17-Партсъезд ба деҳаи ба номи Ғуломсаид Холов / деҳоти Заргар/, деҳаи Коминтерн ба деҳаи ба номи Ҳофизи Шерозӣ / деҳоти Меҳнатобод/ , деҳаи Комсомол ба Чорсӯ, Қизил-куч ба Ваҳдат, Бешкаппа ба Саричашма, деҳаи Куйбишев ба номи Садриддин Айнӣ, деҳаи Ленин ба деҳаи Истиқлол /деҳоти Навбаҳор/, деҳаи 18-Годовщина ба деҳаи 20-солагии Истиқлолият /деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар/ табдили ном карданд.

Апрель 2, 2012 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад