Пагоҳ- оғози мавсими нави футбол
Душанбе, 6 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Пагоҳ, 7 апрел даври аввали мусобиқоти футболи кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз меёбад. Тавре ки хабар додем, дар мавсими нав 14 даста мебоист ба бозиҳо шурӯъ мекард, вале ба иттилои Федератсияи футболи мамлакат дастаи “Шодмон”-и Ҳисор бинобар пайдо накардани сарпараст аз мусобиқа даст кашидааст ва гумон меравад, ки дар ҷараёни чемпионат аз сабаби муфлисшавӣ боз зумрае аз дастаҳо аз идомаи мусобиқа даст кашанд. Албатта, ин дар таърихи футболи мамлакат чизи нав нест. Ҳамин тавр пагоҳ “Хайр” ва “Истаравшан” ва “Энергетик” бо “Хуҷанд” ба дидори ҳам мераванд. Рӯзи 8 апрел «Истиқлол» (Душанбе) бо «Ҳосилот» (Фархор) дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода,«Равшан» (Кӯлоб) бо «Зарафшон» (Панҷакент) дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, «Гвардия» (Душанбе) бо «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и Душанбе, «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳам қувва меозмоянд. Бино ба сабаби дар таъмир будани варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе чемпиони мамлакат “Истиқлол” ҳамчун соҳиби майдон ду вохӯрии нахустини худро дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода гузаронида, вохӯриҳои навбатии хонагиашро дар майдони худ доир хоҳад кард.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






