Паёми Президент ва масъалаҳои рушди гидроэнергетика

Апрель 25, 2012 08:42

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари таҳлили зинаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол маҷмӯаи дастуру тавсияҳои муҳим ба шумор меравад, ки ҳадафи асосиаш ташкили таъмини зиндагии шоиста барои мардуми кишвар мебошад. Дар Паёми имсола дар бобати рушди соҳаи гидроэнергетика, ки маҳз он барои ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар — таъмини истиқлолияти энергетикӣ расидан бештар мусоидат менамояд, диққати зиёд дода шудааст.Рушди соҳаи энергетика проблемаи глобалист. Ҳоло дар тамоми минтақаҳои олам, кам ё зиёд, норасоии нерўи барқ мушоҳида мегардад. Масалан, аз сабаби норасоии нерўи барқ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором тақрибан 1,9 миллиард нафар имконияти хеле маҳдуди ба нигоҳдории тандурустӣ таъмин будан, аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд намудан ва, ҳатто, маълумот гирифтанро доранд. Дар як худи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки алҳол соле то 130 миллиард кВт.соат нерўи барқ истеҳсол мегардад, аз рўи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, баъд аз даҳ сол 180 миллиард кВт.соат ва баъд аз 15 сол 206 миллиард кВт.соат барқ лозим мешавад.Вобаста ба ин, суоле, ки дар Паёми Президенти кишвар гузошта шуд – «Агар Тоҷикистон барқи зиёд ва арзону аз лиҳози экологӣ тоза тавлид кунад ва эҳтиёҷоти кулли минтақаро қонеъ гардонад, магар ин бад аст?» — хеле муҳим ва қобили андеша аст. Ба он хотир, ки вобаста ба захираҳои гидроэнергетикие, ки кишвари мо дорад, метавонад ба тамоми минтақа манфиатбахш бошад.Амалан, дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои охир дар Паёмҳо дарҷ меёфтанд, имконият фароҳам оварданд, ки дар кишвари мо дар соҳаи энергетика иншооти зиёди муҳим ва хеле зарурӣ сохта ба истифода дода шаванд. Пурра ба истифода додани нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-1» ва Хатти интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол» мисоли рўшани ин аст. Танҳо соли гузашта дар арафаи ҷашни 20- солагии истиқлолияти давлатии кишвар дар Тоҷикистон чандин иншооти энергетикӣ, аз ҷумла агрегати якуми нерўгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”, нерўгоҳҳои хурди барқи обии “Сангикар” дар ноҳия Рашт, “Марзич” дар ноҳияи Айнӣ, хатти интиқоли барқи “Хуҷанд – Айнӣ”, зеристгоҳи “Айнӣ-220”, зеристгоҳи ба номи Исмоилов дар шаҳри Кўлоб, зеристгоҳи “20 -солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Курғонтепа, зеристгоҳи “Бўстон” дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ва дигар таҷҳизоти муҳими энергетикӣ ба истифодабарӣ дода шудад. Ин ҳама боис гашт, ки вобаста ба талаботи рўзафзун вазъи таъминот бо барқ дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ беҳтар шавад. Вале ин ҳанўз кифоя нест. Дар заминаи захираҳое, ки дорем, мо ҳанўз имконияти бо барқ пурра таъмин намудани худро надорем, махсусан дар овони мушкили сардиҳо ба тараҳҳум ва таҳдидҳои табиат хеле вобастаем. Бо назардошти ин дар Паёми имсолаи Президенти кишвар зикр шудааст: “Дар радифи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи миллии кишвар доир ба таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат ба рушди бахши воқеӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар як сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад”.Ин суханон масъулияти мо –энергетикҳоро, ки мақсади амаламон ба ғайр аз коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикӣ, инчунин таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар низ ба шумор меравад, албатта афзун месозад. Ва бояд бо мамнуният изҳор намоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд корҳои зиёдро ба сомон мерасонад.Дар Паём ҳам ин нукта хеле возеҳ таъкид мегардад: “Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти кишвар ба нерӯи барқ дар доираи барномаҳои қабулшуда чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Танҳо дар панҷ соли охир барои пешрафти соҳа беш аз 7,5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳазорҳо километр хатти интиқоли барқ ва садҳо нерӯгоҳи барқи обии хурду миёна бо иқтидори зиёда аз ҳазор мегаватт ба истифода дода шуданд. Дар давраи миёнамӯҳлат сохтмони боз 70 нерӯгоҳи хурд дар назар аст ва мо ният дорем, ки солҳои наздик эҳтиёҷоти мамлакатро бо нерӯи барқи худӣ пурра таъмин намоем.”Ин пайки пешрафти соҳа аст, нишонаи таваҷҷӯҳи хоссаи Сарвари давлат ба беҳдошти зиндагии мардуми кишвар ба шумор меравад. Пеш аз ин ҳам дар бобати беҳбуди таъминоти барқ тамоми имкониятҳо истифода мешуданд. Бояд қайд намоям, ки мутахассисон ду омили асосии барҳам додани норасоии нерўи барқро пешниҳод месозанд: афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ (сохтани иншооти нав ва таҷдиди иншооти мавҷуда) ва сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ.Дар мамолики собиқ қаламрави Иттиҳоди Шўравӣ ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахуст маҳз тавассути Паёми Президенти кишвар дар соли 2009 ин масъала пешниҳод гашта буд ва бо тадриҷ мавриди амал қарор гирифт.«Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва махсусан бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мувофиқи захираву имкониятҳои кишвар ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама барқу газ ва об, аҳамияти бузург дорад»- дастур дода буд ба мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ моҳи апрели соли 2009. Вақт исбот кард, ки ин даъвати Президенти кишвар, ки онро фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» боз ҳам тақвият бахшид, манфиати фаровон овард, Дар нахустин зимистоне, ки системаи энергетикии кишвари моро аз Системаи энергетики идавлатҳои Осиёи Марказӣ ҷудо намуданд, алалхусус масъалаи ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан боиси дар ин овони душвор сарфа намудани 1,2 миллиард кВт.соат нерўи барқ гардид. Ин раҳоӣ аз зулмот, ин илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ буд.Дар Паёми имсола ин масъала боз ҳам тақвият меёбад ва ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки иҷрои саривақтии барномаву нақшаҳои рушди соҳаро таъмин намуда, дар масъалаи таъмини сарфаҷӯии энергия, кам кардани талафоти он ва доир ба рушди манбаъҳои алтернативии энергия чораҳои муассир андешида шаванд.Дар сиёсати энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо бобати ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ташкилоту муассисаҳои байналмиллалӣ ва созмону ширкатҳои машҳури энергетикии олам мавқеи калонеро ишғол менамояд. Ба ибораи дигар, кўшишҳои зиёд ба он равона мегарданд, ки захираи фаровони аз ҷиҳати экологӣ безарари обию энергетикии Тоҷикистон ба манфиати инсоният мавриди истифода қарор гирад. Ин кўшишҳо, ки хеле оқилона асоснок карда мешаванд, натиҷа ба бор меорад. Хушбахтона, бисёр ташкилотҳои байналмиллалӣ бо мо ҳамкорӣ доранд ва боз тарҳу нақшаҳои нав пешниҳод мегарданд. Дар Паём низ изҳор шуд: «боиси хушнудист, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид “Энергияи устувор барои ҳама” Тоҷикистон дар қатори панҷ мамлакати дунё ба ҳайси кишвари пилотӣ пешниҳод шудааст.» Маънои ин аз тарафи созмони бонуфузтарини олам эътироф шудани захираҳои энергетикӣ ва имконоти табиии кишвари мост. Ин умеду бовариро ба оянда афзун месозад. …Бо ҳамин андешаҳо, ман мутмаъинам, Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи аслии он пешрафти кишвар ва саодати ҳамдиёрони мост, албатта чун маҷмўаи дастурҳои рўҳбахш дар амал татбиқ мегардад ва дар баробари дигар дастовардҳо Тоҷикистонро ба мустақилияти энергетикӣ боз ҳам наздиктар месозад. Баъди Паёми имсола тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла гидроэнергетика низ барои дар соли равон ба таъмини зиндагии шоистаи мардум ҷаҳд намудан соҳиби дастуру раҳнамо гардиданд.Абдулло Ёров,Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»

Апрель 25, 2012 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад