Президенти Тоҷикистон аз Сафири нави Озарбойҷон эътимоднома қабул кард
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим огли Гасанов эътимоднома қабул намуд. Зимни суҳбат, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд. “Мо Ҷумҳурии Озарбойҷонро яке аз шарикони муҳими хеш дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил медонем», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошудаи миёни ду кишвар ва тасмимоти оянда, аз ҷумла тақвияти бештари заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷанба зоҳир карда шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи аввали Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, боиси умедворӣ ба густариши минбаъдаи робитаҳо арзёбӣ гардид. Зикр гардид, ки он рӯзҳо самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабуку вазнин, гидроэнергетика ва нафту газ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳанг ва туризм мушаххас гардонида шуданд. Сафири нави Озарбойҷон азми устувори худро барои саҳмгузории намоён дар татбиқи амалии нақшаҳои судбахши ҳамкорӣ таъкид намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






