Рӯзи имтиҳон 29 –уми апрел

Апрель 20, 2012 09:43

Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хатмкунандагони синфи 6 тавассути имтиҳон ба литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ қабул карда мешаванд. Таҳсил дар литсей-интернатҳо бо ду забон- тоҷикию туркӣ ва омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз компютер, видео, аудио, ТВ сурат мегирад. Дар литсей-интернатҳо фанҳои дақиқ- химия, физика, биология, математика, технологияи информатсионӣ, фанҳои гуманитарӣ — таърих, ҷуғрофия, забон ва адабиёти тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ бо методи нави таълим омӯзонида мешаванд.Ба иттилои роҳбарони литсей-интернатҳо, писарону духтарон дар асоси аризаи волидайнашон бо хобгоҳ ва дар як рӯз се маротиба бо хӯроки гарм таъмин мешаванд. Дар вақтҳои холӣ байни хонандагон маҳфил, озмун ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешавад.Даври якуми имтиҳон дар ҳамаи шаш литсей-интернати ҷумҳурӣ рӯзи 29-уми апрел соати 9 эълон гардидааст. Онҳое, ки дар даври якуми имтиҳони қабул ширкат карда натавонистанд ё баҳои ғайри қаноатбахш гирифтаанд, ба даври дуюми имтиҳон роҳ дода намешаванд.

Апрель 20, 2012 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад