Рафтори ғайринизомномавии кормандони БДА

Апрель 6, 2012 15:33

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Дар семоҳаи аввали соли 2012 сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, алалхусус ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ, таҷовуз ба номус ва роҳзанӣ кам гардидааст,- зикр шуд дар ҷаласаи мушовараи ВКД доир ба ҷамъбасти пурраи фаъолияти мақомот дар се моҳи соли ҷорӣ.Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин давра ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии шаҳрвандонро таъмин карданд ва дар айни замон вазъи ҷиноиро дар ҷумҳурӣ зери назорати фаврӣ қарор додаанд. Дар ҷаласа вазири корҳои дохилии ВКД Рамазон Раҳимов аз натиҷаи хизмати кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда, фаъолияти онҳоро ғайриқаноатбахш ҳисобид ва ҳайати шахсиро вазифадор намуд, ки дар ин самт муборизаро пурзӯр намоянд. Вобаста ба боло бурдани мақоми дружиначиёни ихтиёрӣ ва истифодаи самараноки кардани онҳо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кормандони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор карда шуданд, то дар ин самт таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намоянд. Имрӯз фаъолияти дружиначиёни ихтиёрӣ дар кулли шӯъбаҳои корҳои дохилӣ самаранок ба роҳ монда шудааст. Доир ба фаъолияти кормандони БДА, алалхусус дар самти муошират, муносибати ҳалимона бо шаҳрвандон таъкид гардид, ки бо вуҷуди баргузории ҷаласаҳо, қабули қарору дастурҳои дахлдор ҳоло ҳам аз ҷониби кормандони БДА ҳолатҳои тамаъҷӯӣ ва дағалӣ ба назар мерасад. Аз се як ҳиссаи муроҷиате, ки аз тариқи телефони «Боварӣ» дохил мегардад, аз муносибати дағалона ва рафтори ғайринизомномавӣ дарак медиҳад, -афзуд вазир.

Апрель 6, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст