Робсон: Тоҷикистон содиркунандаи нафту газ хоҳад шуд
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва саноат, дар айни замон дар ҶТ чандин ширкатҳои хориҷӣ дар соҳаи иктишофи геологии карбогидридҳо тадқиқот мебаранд.Тибқи маълумоти аз ин ширкатҳо дастрасшуда, бар асари корҳои иктишофии геологӣ дар қабати болоии майдонҳои таҳқиқшавандаи конҳои нафту газ натиҷаи хуб ба даст оварда шудааст. Ширкатҳои ба корҳои иктишофи геологӣ машғул дар ноҳияҳои Балҷувон ва ноҳияи Ҳамадонӣ ба муваффақияти бештаре даст ёфтанд. Дар наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа корҳои пармакунии чоҳҳо идома дорад. Дар қисмати шарқии «Олимтой -9» дар чуқурии 3 ҳазору 700 метр кофтани чоҳҳо анҷом дода шудааст. Геологҳо дар ин ҷо то ба нуқтаи сарпӯши намакин расиданд, ки он аломате аз мавҷудияти гази табиӣ дар ин минтақа мебошад. Ин мавзеъ аз ҷиҳати ҷойгиршавии геологӣ бо Туркманистон дар як хат қарор дорад. Ба иттилои манбаъ, то охири соли ҷорӣ нуктаи пармакунии чоҳи чуқуриаш 7 ҳазор метр гузошта мешавад.Ба гуфти президенти ширкати Тетус Петролиум Лимитед (Tethus Petrolium Ljmjted) Дэвид Робсон, агар дар яке аз ин чоҳҳо пайдо кардани газ муяссар гардад (ба ин бовар дорем), Тоҷикистон на фақат худро бо нафту газ таъмин мекунад, балки ба яке аз давлатҳои калонтарини содиркунандаи газ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад.- Мо инро дилпурона мегӯем,-иброз доштааст Дэвид Робсон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






