Рушди ҳамкорӣ бо ММСУ ҶМЧ
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва сардори бахши тиҷорати Ҳукумати Минтақаи Мухтори Синҷону Уйғури (ММСУ) Ҷумҳурии Мардумии Чин Хи Имин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибьаи тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Минтақаи Мухтори Синҷону Уйғурро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҷалби инвеститсияҳо ба иқтисоди ҶТ, ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиётро муҳокима намуданд.Дар ҷараёни мулоқот аҳд шуд, ки моҳи сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи амволи ММСУ ҶМЧ ва ҳамоиши аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар ташкил карда шавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






