Сӯҳбати вазир бо сафир
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 26 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода бо сафири Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Неллен ва муовини роҳбари шӯъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкории минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария Клаудио Хабихта баргузор гардид.Тавре аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар хабар доданд, Стефан Неллен ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Швейтсария изҳори боварӣ намуд.Шариф Раҳимзода дар навбати худ ба Стефан Неллен барои ҳамкории бисёрҷониба дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ изҳори миннатдорӣ кард.Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дигари муҳими муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






