Сӯҳбати вазири ВКХ ҶТ бо Сарвазири Қазоқистон

Апрель 6, 2012 15:11

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи сафари кориаш ба шаҳри Остона 5 апрел бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов сӯҳбат намуд.Ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат вазъи ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, аз суръати рушди ҳамкории бисёрҷонибаи ду кишвар дар ҳамаи самтҳои асосӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи ҳамкории мутақобилан муфид қарор дошта ва дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму техника, фарҳанг ва дар бахшҳои дигар муваффақона рушду густариш меёбанд.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мақоми Ҷумҳурии Қазоқистонро дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба таври махсус қайд намуд.Ҳамрохон Зарифӣ ба Сарвазири Қазоқистон аз вазъияти ҳозираи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла аз натиҷаи Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил шудани Наврӯз дар шаҳри Душанбе хабар дод. Ҷонибҳо ҳамчунин вазъияти ҷамъиятию сиёсии Афғонистон ва дурнамои ҳамкории мутақобилан муфид бо ин кишвар дар бахши энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Апрель 6, 2012 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд