С.Лавров: «Мо сиёсати устувори Э. Раҳмонро қадр кардем»

Апрель 24, 2012 17:02

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки барои боздиди расмӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ба ҳузур пазируфт. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз рӯи натиҷаи мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ барои журналистон чунин зикр намуд: «Субҳи имрӯз гуфтушуниди дуҷонибаи самарабахши мо сурат гирифт, ки дар он доираи васеи муносибатҳои дуҷонибаамонро аз рӯи масъалаҳои иқтисодиёт, нақлиёту коммуникатсия, стратегияи ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор додем. Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои нафақат дорои хусусияти дуҷониба, балки дорои хусусияти минтақавӣ, ҳамчунин қазияи Афғонистон низ муҳокима шуданд».Баъд Вазири корҳои хориҷии ФР С.Лавров сухан карда зикр намуд, ки муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия хусусияти мушорикати стратегӣ ва иттифоқиро пайдо намуда, мо аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошем, ки он суботи минтақаи Осиёи Марказиро боэътимод таъмин менамояд. С.Лавров чунин гуфт: «Мо ҳамаи ҷиҳатҳои муносибатҳои дуҷонибаамонро муҳокима намудем. Ҳар ду ҷониб изҳор доштанд. ки бояд Комиссияи байниҳукуматии оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ фаъолона кор кунад. Мо аҳд кардем, ки минтақаҳои кишварҳоямонро фаъолонатар ҷалб намоем ва имрӯз мо ҳамроҳи Ҳ. Зарифӣ Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкории ниҳодҳои федеративии Русия ва вилоятҳои Тоҷикистонро имзо намудем. Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории гуманитариамон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мо сиёсати устувори Президенти ҶТ Э. Раҳмонро, ки онро дар ҷараёни мулоқот бо ҳайатамон дар мавриди дастгирии забони русӣ ва маорифи Русия тасдиқ намуд, қадр кардем».С.Лавров зикр намуд, ки «Федератсияи Русия дар навбати худ ҷонибдори таҳким бахшидани заминаи ҳуқуқие мебошад, ки кори мӯътадили муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Федератсияи Русияро таъмин намояд».Дар робита бо ин ҷонибҳо аҳд намуданд, ки баррасии ҳуҷҷатҳои барои ин зарурбудаи байниҳукуматӣ тезонида шавад. Мувофиқи суханони С.Лавров, дар бахши минтақавӣ ба вазъи Афғонистон ва атрофи он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид. «Мо мехоҳем, ки таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи нашъаовар, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, ба давлатҳои мо дахл накунад ва ҳамаи мо бояд зидди ин таҳдидҳо ба таври самарабахш мубориза барем», — қайд намуд С.Лавров.Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи буду боши пойгоҳи низомӣ ва объектҳои дигари Русия дар қаламрави Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мувофиқи суханони С.Лавров, имрӯз моил будани роҳбарияти Тоҷикистон ба нигоҳ доштани ин пойгоҳи низомӣ ва объектҳои дигари Русия тасдиқ гардид. «Мо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориамонро дар дигар созмонҳо, аз ҷумла аз роҳи СҲШ, ИДМ, СММ, САҲА баррасӣ намудем», — қайд намуд С.Лавров.С.Лавров зикр намуд, ки ҷониби Русия тарафдори таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисодиёт, энергетика, алоқаю коммуникатсия мебошад. С.Лавров гидроэнергетикаро аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба номбар кард. Роҳбари идораи сиёсати хориҷии ФР чунин гуфт: «Мо мехоҳем, ки лоиҳаҳои се нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёҳои дохили Тоҷикистон мазмуни амалӣ пайдо намуда ва татбиқи онҳо оғоз гардад.С.Лавров ба ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла ба муносибатҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дахл карда, чунин гуфт: «Мо наметавонем, ки ба ин бепарвоёна нигарем, зеро ин ду мамлакат шарикони стратегӣ ва ҳамсояҳои деринаи мо мебошанд, ки ҳамроҳашон муддати тӯлонӣ дар як давлат зиндагӣ мекардем. Мо мехоҳем, ки муносибатҳои ҳақиқатан ҳамсоягии неки байни Тоҷикистону Ӯзбекистонро бинем. Ягона роҳи ҳалли проблемаҳое, ки ҳоло дар муносибатҳои байни ҳар ду давлат вуҷуд доранд, гуфтушунид аст». Мувофиқи суханони С.Лавров, ҳамаи давлатҳое, ки муносибатҳои ҳамкориро бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ривоҷ медиҳанд, бояд ба пешравӣ ба сӯи оғози муколама ва гуфтушунидҳое мусоидат намоянд, ки боиси натиҷаҳои қобили қабули тарафайн аз рӯи ҳамаи ихтилофот гарданд.

Апрель 24, 2012 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад