Семинарҳои машваратии омори гендерӣ дар Хуҷанду Исфара
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар доираи лоиҳаи «Гендер ва идораи демократӣ барои рушд – пешниҳоди хизматҳои асосӣ барои занон» дар охири моҳи марти соли равон мутахассисони Агентии омори назди Президенти ҶТ доир ба омори гендерӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфараи вилояти Суғд семинарҳои машваратӣ гузарониданд. Аз Кумитаи омори ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мақсад аз гузаронидани семинар ин шинос намудани иштирокчиён бо принсипҳои асосии омори гендерӣ, пешниҳоди натиҷаҳои арзёбии ҳолати омори гендерӣ дар ҳифзи иҷтимоӣ ва ба инобат гирифтани ақидаҳо ва шарҳу эзоҳи шарикон, баррасии тавсияҳо доир ба таҳияи нақшаҳои кории омӯзиш ва чорчӯбаҳои меъёрӣ доир ба омори гендерӣ иборат буд. Дар семинарҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 40 нафар мутахассиси сохторҳои гуногуни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Ғончӣ аз қабили Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират, Агентии суғуртаи иҷимоӣ ва нафақа, шӯъбаи кӯмаки иҷтимоӣ дар хона, инчунин Агентии омор дар вилояти Суғд иштирок намуданд. Вазъи ҷории омори гендерӣ, дар бораи натиҷаҳои арзёбии масъалаҳои оморие, ки ба дастрасӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ, хусусан занон ва кӯдакон алоқаманд ҳастанд, пешниҳод карда шуд. Аз рӯи иттилоъи манбаъ, иштирокчиён бо хазинаи маълумоти Агентии омор, ҳамчунин хазинаи маълумоти омории шаҳри Исфара ҳангоми ворид намудани маълумоти тозаи соли 2011 шинос гардиданд. Бо мисолҳои мушаххаси хазинаи маълумотҳои мавҷудбуда пешниҳод карда шуд, ки нишондиҳандаҳо гендерӣ-ҳиссиётӣ илова карда шаванд. Аз ҷумла, шумораи занҳое, ки нафақа ва кӯмакпулӣ мегиранд ва андозаи миёнаи нафақа нисбат ба андозаи нафақаи мардҳо, кӯмакпулӣ барои ҳар як кӯдаки минбаъд таваллудшуда, шумораи занҳои гирандаҳои кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд муайян карда шуд.








Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст






