Шабакаи ягонаи иттилоотӣ
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти рақами 468 аз 3 декабри соли 2004 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012” рақами 34 аз 24 январи соли 2012 ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва таъмини табодули электронии маълумот байни мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳо, миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Кумитаи андоз дар як муддати нисбатан кутоҳ шабакаи ягона созмон дода, пайваст карда шуд. Дар ин робита ҳафтаи сипарӣ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ миёни мақомоти андоз ва «Амонатбонк» ҷаласаи хотимавӣ доир гардид ва барномаи қабули маблағи андозҳо ба тариқи нақдӣ аз андозсупорандагон дар нуқтаи хизматрасонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд ва аввалин маблағи пардохт аз шахси воқеӣ ва соҳибкори инфиродӣ ба тариқи мустақим, яъне он-лайн қабул гардида, маблағи воридгардида дар ҳисоби андозсупоранда ва махзани иттилоотии «Амонатбонк» тавассути барнома дарҷ карда шуд. Мақсад аз ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва пешгирӣ намудани омилҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ҳангоми пардохти маблағи нақдии андозҳо ҳам аз тарафи кормандони мақомоти андоз, мутахассисони «Амонатбонк» ва ҳам аз ҷониби андозсупорандагон мебошад. Татбиқи амалии шабакаи ягонаи иттилоотӣ имкони воқеӣ фароҳам меорад, ки минбаъд андозсупорандагон ба бонкҳои амонатгузорӣ муроҷиат карда, ба операторони нуқтаҳои хизматрасонии бонкҳо танҳо рақами мушаххаси худро пешниҳод намоянд ва дар чунин ҳолат зарурати аз тарафи андозсупоранда пур кардани расидҳо аз байн меравад. Бинобар ин андозсупорандагонро лозим аст, ки ҳангоми муроҷиат ба операторони пардохти маблағи андозҳо ҳатман рақами мушаххаси худро дар хотир дошта бошанд ё бо худ гиранд. Лозим ба таъкид аст, ки айни замон Кумитаи андоз ва дигар соҳаҳо кўшиш доранд, ки бо истифода аз технологияву усулҳои замонавӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бо мақсади саривақт, дуруст ва пурра пардохт кардани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ имкониятҳои воқеӣ фароҳам созанд.Дар назар аст, ки тартиби нави падохти маблағҳои нақдӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ҷорӣ карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






