Силсилаи семинар-машваратҳо оид ба андози иҷтимоӣ

Апрель 2, 2012 17:16

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисор, Рўдакӣ, Шаҳринав ва Файзобод оид ба масъалаҳои маъмурикунонии андози иҷтимоӣ бо иштироки шумораи зиёди андозсупорандагон машварати корӣ баргузор гардид. Дар машвратҳои корие, ки тайи ду рўзи охир дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони мақомоти андоз гузаронида шуд, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикршуда, мутахассисони мақомоти андоз ва доираи васеи андозсупорандагон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабинӣ мутахассисон аслан доир ба мушкилоти дар самти ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар минтақаҳо ҷойдошта, аз қабили саривақт ва дуруст пешниҳод накардани эъломияҳои андози иҷтимоӣ, кам нишон додани музди меҳнат ва шумораи кормандони кироя изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки ин омилҳо боиси иҷро нагардидани нақшаи андози иҷтимоӣ дар минтақаҳо мегардад. Ҳамзамон зикр шуд, ки ки дар бисёр ҳолатҳо маблағи андози иҷтимоӣ, ки дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо ҷамъоварӣ карда мешавад, барои таъмини эҳтиёҷоти нафақапулии ҳамин шаҳру ноҳия нокифоя мебошад. Як қатор андозсупорандагон аз нигоҳ доштани ҷойҳои кори холӣ, зиёд намудани шумораи коргарон ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо, ки ба зиёдшавии воридоти андози иҷтимоӣ таъсири мусбӣ мерасонад, саркашӣ намуда, ҳатто дидаю дониста ба кам кардани шумораи коргарон ва кам ҳисоб кардани музди меҳнат роҳ медиҳанд. Андозсупорандагон дар навбати худ ба масъалаҳои музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ, меъёри андози иҷтимоӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, имтиёзҳои пешбинигардида дар самти андози иҷтимоӣ, ва дигар паҳлўҳои андози иҷтимоӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, ба суолҳои сершумори худ посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд ҳамзамон дар ин бобат фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд. Ҳадаф аз гузаронидани силсилаи машваратҳои доир ба маъмурикунонии андози иҷтимоӣ иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба афзоиши музди меҳнати коргарон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пурра ҷамъоварӣ намудани андози иҷтимоӣ, сари вақт пардохт намудани нафақа, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, таъмини нафақа ва дигар кўмакпулиҳои ҳатмӣ буда, инчунин тадбири мазкур барои ба андозсупорандагон фаҳмонида додани мафҳум, моҳият ва омилҳои андози иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Апрель 2, 2012 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад